Добавить материал и получить бесплатное свидетельство о публикации в СМИ
Эл. №ФС77-60625 от 20.01.2015
Инфоурок / Другое / Статьи / Наврўз: аз ойинњои мардумї то љашни байналмиллалї

Наврўз: аз ойинњои мардумї то љашни байналмиллалї

Международный конкурс по математике «Поверь в себя»

для учеников 1-11 классов и дошкольников с ЛЮБЫМ уровнем знаний

Задания конкурса по математике «Поверь в себя» разработаны таким образом, чтобы каждый ученик вне зависимости от уровня подготовки смог проявить себя.

К ОПЛАТЕ ЗА ОДНОГО УЧЕНИКА: ВСЕГО 28 РУБ.

Конкурс проходит полностью дистанционно. Это значит, что ребенок сам решает задания, сидя за своим домашним компьютером (по желанию учителя дети могут решать задания и организованно в компьютерном классе).

Подробнее о конкурсе - https://urokimatematiki.ru/


Идёт приём заявок на самые массовые международные олимпиады проекта "Инфоурок"

Для учителей мы подготовили самые привлекательные условия в русскоязычном интернете:

1. Бесплатные наградные документы с указанием данных образовательной Лицензии и Свидeтельства СМИ;
2. Призовой фонд 1.500.000 рублей для самых активных учителей;
3. До 100 рублей за одного ученика остаётся у учителя (при орг.взносе 150 рублей);
4. Бесплатные путёвки в Турцию (на двоих, всё включено) - розыгрыш среди активных учителей;
5. Бесплатная подписка на месяц на видеоуроки от "Инфоурок" - активным учителям;
6. Благодарность учителю будет выслана на адрес руководителя школы.

Подайте заявку на олимпиаду сейчас - https://infourok.ru/konkurs

  • Другое

Поделитесь материалом с коллегами:

6

Наврўз: аз ойинњои мардумї то љашни байналмиллалї


Таърихи пайдоиши иди Наврўз аниќ маълум нест. Мувофиќи ривоятњои форсї дар ин руз Сиёвуш, ки аз тарафи Афросиёб њалок гардид, дафнъ карда шуд.

Ин ривоят дар китоби муќаддаси «Авасто» хотиррасон карда шудааст. Маълумоти зиёдтар оид ба ин ривоятњоро дар «Шоњнома» - и А. Фирдавсї пайдо намудан мумкин аст. Олими озарї - Набиев А. дар китоби худ «Новруз Байрамы» изњор мекунад, ки дар сарчашмањои ба мо маълум ќайд шудааст, ки рузи дафн шудани Сиёвушро «Наврўз» ном нињода, он њар сол чун ид љашн гирифта мешуд.

Муаќќиќ Дорошенко. Е. А. дар асараш «Зороастрийцы в Иране» ќайд мекунад, ки ориёиён идњои зиёдро љашн мегирифтанд, вале миёни онњо иди асосї, баробаршавии шабу рўз, анљоми фасли зимистон ва даромади фасли бањор –иди Наврўз буд.

Олимаи англис М. Бойс ќайд мекунад, ки мувофиќи таълимоти зардуштиён ин ид ба оташ бахшида шуд. Зеро онњо оташро чун нури Яздон ва неруи њаёт дониста, онро парастиш мекарданд. Ин ид рамзи маѓлубияти руњи хабис њисоб мешуд. Аз руи урфу одати зардуштиён њангоми нисфирузии Рузи нав (Наврўз) одамон бозгашти рўњи Рапитвинро истиќбол мегирифтанд. Рапитвина – Замини аввалин, ки то давраи њуљуми арвоњи нобудкунанда – Ангро - Ман вуљуд дошта буд.

Донишманди эронї, доктор Шариати дар бораи Наврўз изњори аќида намуда, ќайд намуд, ки «агар рўзе Худо оламро оѓоз карда бошад, мусаллам, он рўз Наврўз будааст. Ба фикри ў Бањор нахустин фасл, Фарвардин нахустин моњ ва Наврўз нахустин рўзи офариниш аст».

Дар асоси баъзе ривоятњо пайдоиши Наврўз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони њамлаи Ќуруши Кабир ба Бобул рост меояд, ки мањз ў Наврўзро љашни миллї эълон кард. Вай дар ин рўз барномањоеро барои сарбозон пиёда намуда, макони онњоро тоза кард ва гуноњи мањкумшудагонро бахшид, ки он аз мављудияти адлу адолат, принсипњои инсондўстї ва эътирофи њуќуќи инсон шањодат медињад. Яъне Наврўз оѓози соли нав ва ибтидои таќвими нав мебошад ва љашни баробаршавии шабу рўз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонњо дар рўи замин ба шумор меравад.

Иди Наврўз дар фарњанги мо њамчун рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодї, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшиши гуноњњои якдигар, рўзи оштї, сулњу вањдат ва ягонагї љашн гирифта мешавад. Табиат, љамъият ва тафаккури инсон дар ин рўз неру ва илњоми тоза мегирад. Ин навшавї мазмуни фарњанги ниёгони мо буда, имрўз ањли башарро бо нигоњи нав ба њаёт њидоят мекунад, дилњо, андешањо, черањо ва дастњо метавонанд дар ин рўз ва аз ин рўз ба љониби якдигар майл кунанд, некўиро касб намоянд.

Воќеан њам ниёгони мо чї ќадар дурандеш ва бедордил будаанд, ки Наврўзро пайдо карда, онро њамчун рамзи мењрварзї, равшангарї, зебопарастї, њамнавої бо табиат ва посдорї аз мањалли зист љашн гирифтаанд, онро нигоњ дошта, ба љањониён таќдим намуданд.

Сарчашмаи асосї барои шинохти иди Наврўз «Шоњнома»-и А.Фирдавсї аст, ки мувофиќи ривояти он дар давраи Каюмарс, ки подшоњи аввали Аљам буд, баробаршавии шабу рўзро кашф карданд. Лекин дар «Шоњнома» сухан бештар дар бораи оѓози солшуморї меравад.

Дар «Наврўзнома» - и Умари Хайём њам Каюмарс аввалин подшоњи Аљам ёдрас мешавад. Ў мехост рўзу моњњоро номгузорї кунад ва солшумориро барќарор намояд. Ба аќидаи ў субњи барваќт ваќте Офтоб ба бурљи Њамал мерасад мўъбадонро даъват карда, фармон дод, ки солшумориро аз њамин рўз оѓоз кунанд.

Њаким Умари Хайём дар «Наврўзнома» рољеъ ба бунёд гузоштани љашни мазкур чунин навиштааст: «...аммо сабаби нињодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки њар сесаду шасту панч руз ва чоряке аз 1 шабонаруз ба аввали даќиќаи моњи Њамал боз ояд, ба њамон ваќту рўз, ки рафта буд, бад-ин даќиќа натвонад омадан, ки њар сол аз ин муддат кам мешавад. Чун Љамшед он рузро дарёфт, Наврўз ном нињод ва љашн барпо карда, пас аз он подшоњон ва мардумони дигар ба ў пайравї карданд».

Абулсаид Абулњайи Гардезї дар китобаш «Зайн-ул-ахбор» дар бораи Љамшед мегуяд: «Љамшеди Вангахон (Анвљањон) чун бар тахт биншаст бо девон амр кард ва дасти эшонро аз мардумон кўтоњ, кунанд, эшонро зи ободињо барандохт ва андар дарёњову вайронињо шуданд ва эшонро корњои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд иљро кунанд. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва ўро андар њаво бибурд ва дуо кард то Худои азза ва љалл гармову сармо, беморї ва маргро аз мардумон пас гирад. Худои азза ва љалл барои некусиратии вай дуояшро мустаљоб кард. Онро љашни Наврўз бисохт ва девонро фармуд то конњо кананд ва љавоњиротро берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавњарњо бароварданд ва ин амалро ба мардумон биёмухтанд».

Дар дарбори подшоњони сосонї Наврўз хеле бошукўњ ва бодабдаба таљлил мешуд. Намояндагони 23 кишвар, ки тобеи Эрон буданд, ба табрики шоњ рафта, ба ў њадяњо таќдим мекарданд. Аз ин тўњфањо даромади зиёде ба хазинаи давлат ворид мешуд.

Таќвимњои ахтаршиносии ќадим шањодат медињанд, ки дар соли  5287 пеш аз милод нахустин шоњаншоњи ориёї Каюмарс дар ин рўз (Наврўз) тољи шоњї ба сар нињод ва тахташро дар дохили кўњ барпо намуда, ба муќобили  Ањриман бархост. Муаллиф дар «Наврўзнома» маълумот медињад, ки Љамшед дар соли 3679 пеш аз миллод ба муносибати хатми сохтмони шањри Бахдї (Балхи имрўза) тољи шоњї ба сар мекунад ва Наврўзро бо як тантанаи бузург љашн мегирад. Њамин тавр, имсол (2015+3679=5694) 5694 - умин бор Наврўзро љашн гирифта мешавад.

Наврўз, њамчун ид пеш аз Зардушт пайдо шуда, њанўз онро то асри VII пеш аз милод ќайд карда мешуд. Таърихшиноси Юнони ќадим Страбон менависад, ки ањолии Сирдарё ва Амударё дар ин руз дар Оташкада љамъ мешуданд. Ин иди хосае буд, ки тољирон дуконњои худро баста, њунармандон корро бас карда, њама хурсандї мекарданд ва якдигаррро бо хурданињо ва нушокињое, ки ба воситаи оташ тайёр карда мешуданд, зиёфат мекарданд.

Аз руи аќидаи Берунї дар асри VIII фарќияти байни њисоби Ќамарї ва Шамсї чунон зиёд шуд, ки љамъ намудани хирољ аз ањолї, ки дар оѓози соли нав амалї мешуд, душвор гардид. Ин нобасомї сабаби ислоњ намудани таќвим гардид.

Дар соли 272 Њурмузд, писари Шопур ислоњоти таќвимї гузаронид, ки мувофиќи он оѓози соли нав њангоми дохил шудани Офтоб ба бурљи Њамал њисоб мешуд. То ислоњоти Њурмузд моњ аз 30 рўз иборат буда, ба шаш панљрўза људо карда шуд ва соли нав дар давоми моњ мувофиќи баромади иљтимоии одамон дар рўзњои гуногун љашн гирифта мешуд. Рўзи аввалро шоњ «барои манфиатњои одамон» (иљро намудани талаботи одамони оддї) мебахшад. Дар рўзи дуюм вай кишоварзон, рўзи сеюм љанговарон, рўзи чорум аъзоёни оилаашро (ба ѓайр аз писаронаш), рўзи панљум писаронашро ва рўзи шашум шахсонеро, ки сазовори љомеаи худ мењисобид, ќабул мекард.

Ривояте њаст, ки дар рўзи Наврўз бо супориши Эзиди таоло ба замин фариштагони нек мефуроянд. Онњо ба мардум фаровонї ва шукуфої, хушбахтї ва умедро њадя мекунанд. Аммо фариштагон ба хонањое, ки дар он љо хусумат вуљуд дошата, одамон ба соли нав омодагї намедиданд, ворид намешуданд. Аз ин љо ду суннати Наврўзї, яке дар арафаи Наврўз тоза кардани хона ва дуюм зарурияти фаромуш кардани њама гуна душманї ва худсарї пайдо шуданд.

Рамзи Наврўз ва соли нав саманак мебошад. Таърихи пайдоиши саманак аниќ набошад њам, то тзамони мо ривоятњои зиёде боќї мондаанд. Наќл мекунанд, ки дар замонњои ќадим зане бо ду писари дугоникаш зиндагї мекард. Дар хонаи он зан барои хурданї чизе намонд ва ў маљбур шуд, ки гандуми норасидаро даравида, ба даруни дег мемонд ва ба он об илова карда, чизи хурданиро тайёр мекунад. Ин аввалин суманак буда, минбаъд он такмил дода шуд.

Дар бораи сабаби бузург шумурдани Наврўз ва дар тўли таърих дуру дароз боќї мондани он дар хотирањои ориёињо ривоятњои зиёд мављуд њастанд.

Кайюмарс, ки нахустин подшоњ њаст, дар рўзи Наврўз аз модар таваллуд шудааст.

Њушанг–шоњи Пешдодї дар њамин рўзи фархунда по бар арсаи њастї нињодааст.

Фаридуншоњ дар ин рўз кишвари пањновари Эронро дар миёни се фарзанди худ–Эраљу Салм ва Тур таќсим намудааст. (Ба Эраљ Эрон, ба Салм Рум ва ба Тур Туронро).

Зардушт дар ин рўз офарида шудааст ва дар њамин рўз аз сўйи Ањуромаздо ба пайғамбарї баргузида шудааст.

Саънањои таърихии наврўзї дар давраи ислом:

Ривоят аст, ки Худованд Одамро дар ин рўз офаридааст.

Њазрати Иброњим дар ин рўз Каъбаро аз бутњо пок кардааст.

Бинобар аќидаи фирќаи имомия  рўзи ба маќоми хилофат расидани њазрати Алї (ъ) дар рўзи Наврўз будааст.

Кўњистони Бадахшонро бештари олимони љањон осорхона ва ганљури суннатњои фарњангии мардуми ориётабор мегўянд. Дар ин љо ганљинаи бебањои ниёгони мо - расму оин, забон, сурату сирати тољикони озода то ба њадде мањфуз мондаанд. Ва сипару љавшани ин ганљ дар муќобили њуљуми аљнабиён кўњњои касногузар ва сарбафалак ба њисоб мераванд. Дар Бадахшон иди Наврўз бо номњои «Шогунбањор» ва «Хидир - аём» маълум аст. Вожаи «Шогунбањор» маънои хайру баракати бањор, мубораки бањор, файзи бањор ва муждаи бањорро дошта, «Хидир – аём» бошад, љашни бузург, љашни калон ё иди њамаи идњоро мефањмонад. Мардуми Бадахшон дар њар як фасли сол идњои зиёдро љашн мегирифтанд, вале давомнокии ин ид нисбати дигар идњо зиёд буда, аз ин сабаб мардум онро хидираём гуфта, ин ид дар байни мардум маќоми хоса дошт. Њоло њам дар ќисми зиёди ноњияњои Бадахшон одамон суннати аљдодиро нигоњ дошта, рўзњои солро аз рўйи андоми одам њисоб мекунанд. Ин тарзи њисоб баъд аз анљоми чаллаи зимистон (41 рўз) аз нохун аз 30 – юми моњи январ сар шуда то фарќи сар 1 моњи май ба анљом мерасад. Пас аз он чаллаи бањор аз 2 моњи май то 20 – уми моњи июн (49 рўз) давом мекунад. Аз 21 - уми моњи июн то 8 – уми моњи август чаллаи тобистон (49 рўз) њисоб карда шуда, аз 9 – уми моњи август њисоб аз рўи узвњои бадан аз баръакс, яъне аз маѓзи сар то нохун идома меёбад. Дар асоси ин њисоб дармун (руда), ќабурѓа ва пайванди дил 9 рўз ва узвњои дигар 3 рўзи давом мекунанд. Дар маљмўъ ин њисоб дар як сол 366 –рўзро ташкил медињад.

Ойину суннатхои мардуми Бадахшон дар айёми Наврўз инхоянд, ки аксари онхо то ба имруз њам риоя карда мешаванд.

Килоѓузѓуз. Килоѓузѓуз номи паррандае њаст, ки нахустин шуда аз кишварњои гарм ба Бадахшон меояд ва онро сафири бањор ва ё пайки бањор низ меноманд. Кўдакону љавонон, њатто баъзан одамони калонсол баъди ѓуруби офтоб чун селаи паррандагони сафири бањор болои бомњо баромада, одамонро бо омадани фасли бањор ва иди Наврўз табрик мегуфтанд. Шоми рўзи Наврўз онњо ширинї, кулчањоро даруни рўймол баста, тавассути арѓамчин аз равзани хонањо бо суруди «кило ѓуз- ѓуз» ба даруни хона овезон мекунанд ва аз соњиби хона њар чизро талаб менамоянд. Мувофиќи гуфтаи анъанашиносон дар ин рўз чизеро мехостанд аз соњибхона талаб мекунанд ва ў низ бечуну- чаро дархости онњоро то њадде иљро менамояд.

Киши ё пичирумч. Бегоњї пас аз тоза кардани хона ва пухтани таомњои Наврўзї аз фарорасии шом то субњ суннати «киши» ё «пичирумч» ба љо оварда мешавад. Дар ин муддат ба хонаи њамдигар даромадани њамсояњо ва шахсњои ѓайр манъ аст. «Пичирумч» сањарии барваќт бо омадани шахси «пичирумчшикан» ба охир расида, ба хонаи њамдигар даромадани њамсояњо ва ошхоси ѓайр оѓоз мешавад.

«Бирух». Субњи аввали ид, баъде ки тоза кардани хона анљом меёбад, нони махсуси маросимї бо номи «ќумоч» ё «бирух» аз орди гандумї навъи аъло ва чормаѓзи майдашуда хамир карда болои тахтасанги тайи аловхона мепазанд.

Салом – салом. Дар рўзњои дуюм ва сеюми ид одамон боќимондаи порањои ќумочро гирифта русуми салом – саломро ба волидон, њамсояњо ва хешони наздик ба нишони идона бурда медињанд. Соњибони хона дар баробари дигар анвои зиёфат порањои ќумочро ба сифати нони маросимї мегузоранд.

Аловпарак. Аловпарак расмест, ки пас аз афрухтани оташ, бархе аз мардум як пора ё нахе аз пироњани худро ба оташ мепартоянд ва аз болои оташ љањида чунин мегуянд: «Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Њамчунин, мардум ба хуршед эњтироми зиёд мегузоранд, ки ба гуфтаи донишмандони мањаллї он аз оини мењрпарастии ориёї боќї мондааст. Баъзе олимон калимаи Помирро аз вожањои Пой ва Мењр дониста, мегўянд, ки ин минтаќаест, ки ба Хуршед наздик аст. Дар маљмўъ дар Бадахшон Наврўзро љашни инсонї, миллї ва мазњабї, љашни хешовандии инсон ва табиат, љашни эњё шудан, љашни саховат, мењрубонї, авф ва хушњолї, љашни ѓамзудої ва фоли нек гирифтан ва оѓози азнавсозихо мепиндоранд.

Хонатаконї. Рўзи иди Наврўз, тибќи одат, хонатаконӣ амалї мешавад. Аъзоёни оила љињози хонаро ба берун бароварда, ба тоза намудани он мепардозанд ва ба умеди хушбахтї ва пурии рузгор як каф ордро ба руи сутунњои хона мепошанд. Хонатаконї бо ду љуфт љоруб, ки якеро пиёдаљоруб ва дигареро савораљоруб меноманду бо савораљоруб саќф ва бо пиёдаљоруб фарши хонаро тоза мекунанд, анљом дода мешавад. Маросими хонатаконї дар тоза намудани манзил аз офатњои соли рафта ба истиќболи соли нав аст. Бахшидани гуноњњои њамдигар низ ба њамин маънї аст. Пас аз тоза шудани манзил, аъзои хонавода як-як бо нидои "Шогун бањор муборак" ва ѓунчаи гулкоришудаи бед ва ё ѓулѓула, ки онро арчаи Наврўзї њам меноманд, вориди хона мешаванд. Арчаи сафеди Наврўзї аз шохаи навбуридаи бед тайёр карда мешавад. Ранги арчаи Наврўзї сафед буда, намуди он хушањои сербори гандумро ба ёд меорад, ки рамзи њосили фаровон ва саодату хушбахтиро ифода мекунад. Кадбонуи хона «Ба руйи шумо муборак гуфта»,ба китфи рости шахси даромада гарди ордро, ки рамзи покї медонанд, мепартоянд. Сипас ѓулѓулаи Наврўзиро аз дасти онњо гирифта, дар саќфи хона љой медињад. Ин нишонаи Наврўзї то Наврўзи дигар дар хона мемонад.

 Дар рузњои иди Наврўз дар Бадахшон бозињои Наврўзї ба монанди лашбозї, алвончакбозї, санљакбозї буљулбозї, кабкљангандозї, љангондани хурўс ва тухм гузаронида мешаванд. Пиру барно ин бозињоро бо як майлу раѓбати хоса иљро карда, аз доир гардидани онњо изњори хурсандї мекунанд.

Дар замони шўравї љашнгирии Наврўз дар Тољикистон гарчанде аз байн нарафта бошад њам бо шукўњу њашамати хос љашн гирифта намешуд. Насли миёна ва кўњансол замони Шўравиро њанўз ёд доранд, ки сохторњои коммунистї Наврўзро «боќимондаи хурофоти феодалї» ва њатто «як иди зараровари динї» мехонданд ва њељ навъ тантанаи расмиро ба муносибати Наврўз иљозат намедоданд. Вале халќ сунатњои Наврўзї, урфу одатњои ниёгонро пос дошта, аз онњо фаромўш накард. Бо вуљуди ин ид њар сол мегузашт. Халќ дар колхозу совхозњо Наврўзро њар сол ид мекард. Наврўз дар сатњи љумњурї он ќадар тантана намекард, вале дар мањаллњо бузкашиву доиразаниву сайри лолаву суманакандозиву њамаи маросимњои Наврўзиро иљро мекарданд. Он ваќтњо ин иди ниёгон на бо номи Наврўз, балки бо як номи сохтаи «Сайри лола», «Иди мењнат» аз омадани бањор дарак медоданд. Дар соли 1965 маќомоти онваќтаи Тољикистон ба равшанфикрон гузашти дигаре карданд ва иди наве бо исми «Иди мењнат» (номи дигри Наврўзи онваќта) сохтанд, ки бояд аз шурўи мавсими киштукор дарак медод ва љойгузини Наврўз мешуд. Аммо шумораи таърихи 21 марти соли 1966 -и рўзномаи «Маориф ва маданият», нашрияи муштараки вазоратњои фарњангу маориф ва иттињодияи адибони Тољикистон саропо ба иди Наврўз бахшида шуда буд. Хабарнигори шинохта ва собиќадори рўзномаи «Маориф ва маданият» - Дорои Дўст таърихи нашри ин ва дигар шуморањои Наврўзиро чунин ќисса кардааст: «Ваќте мо тарњи шумораро омода мекардем, аз кумитаи марказї мегуфтанд, ки макети шумораи бахшида ба «Иди мењнат» - ро пеши мо биёред. Муњаррир мебурд, онњо медиданд ва ќабул мекарданд. Аммо ваќте ки тарњ пас меомад, мо онро комилан дигар ва Иди мењнатро бо Наврўз иваз мекардем». Чунин буд, таърихи иди аљдодии мо – иди Наврўз!

Баъди Истиќлолияти давлатии мамлакат Наврўз аз нав њамчун љашни миллї таљлил мегардад. Сол то сол анъана ва суннатњои азбайнрафтаи Наврўзї эњё шуда, такмил меёбанд. Љашни фархундаи Наврўз чун падидаи нодиру бузурги табиат таљассумгари рамзи рушної ва тантанаи адолату накўкорї, тимсоли рўзи наву оѓози соли нав мебошад. Имрузњо дар фазои софу беѓубор ва сулњпарварї сарзамини куњанбунёд ва муњити созандаю бунёдгари Ватани мањбубамон накњати яке аз ќадимтарин ва зеботарин љашни аљдодиамон — Наврўзи хуљастапай танинандоз асту аз шарофати он ќалби пиру барноро эњсоси гуворою фарањбахш фаро мегирад. Наврўз ба рукни муњими худшиносии миллї, василаи муњими пайванди наслњо, робитаи гузаштаю имрўз, эњёи анъанањои зебопарастї, инсондўстї, дур сохтани кинњо, њамдигарбахшї ва расидан ба ќадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.

Бо фармони Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз 21 то 24 март рўзњои иди наврўзї, рўзњои расмии истироњат эълон шудаанд. Аммо љашнгирии Наврўз ѓайрирасмї як моњ идома меёбад. Бо супориши Президент аз дењаи дурдасти кўњистонї то маркази мамлакат дар њама љо Наврўз љашн гирифта мешавад.

Њамаи хусусиятњои ин љашни муборакро ба назар гирифта ЮНЕСКО аз 30-уми сентябри соли 2009 онро ба ќатори 76 рўйхати фарњанги љањонї дохил намуд ва њамчун љашни байналмиллалї шинохт. 19 феврали соли 2010 бо саъю кўшиши роњбарияти давлатњои: Тољикистон, Эрон, Афѓонистон, Туркия, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркманистон таклиф дар бораи Рўзи љањонии Наврўз  тањия ва ба Иљлосияи 64 Маљмаи Умумии Созмони Миллалї Муттањид пешнињод гардид. Иљлосия ќатъномаро  тасвиб намуда, иди Наврўзро  љашни байналмилалї эълон кард. Ин воќеаи фарањбахш моро месазад, ки ифтихоре аз ниёгони худ намуда, суннати эшонро зинда ногоњ дорем.

Њамин тариќ, Наврўз аз маъруфтарин ва мањбубтарин љашнњои мардуми точик ва дигар халќњои эронитабор ба шумор меравад. Наврўз - љойи вохурй ва муносибати мардум, љое, ки њам зану мард ва њам пиру љавон гирд меоянд, шодию хурсандї мекунанд, лаззати зебої мебаранд, аз гузаштагон ёдоварї менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.


Адабиёти истифодашуда


  1. Асрори В., Амонов Р. Эљодиёти дањанакии халќи тољик. Душанбе 1980.

  2. Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. Москва, 1987.

  3. Дорошенко. Е. А. Зороастрийцы в Иране.Москва,1982

  4. Зўњро Муњаззиб. Наврўзи хуљаста – суннати дерина. Армуѓон, 1995.

  5. Лобачева Н.П. К истории календарных обычаев у земледельцев Средней Азии. Москва, 1986.

  6. Набиев А. Новруз Байрамы. Баку, 1990.

  7. Саидиброњимов Ш. Ќуллаи умед. Душанбе, 2012.

  8. Сайри љањонии Наврўз. Душанбе, 2013.

  9. Шакармамадов Н.Наврўзи Бадахшон. Хоруѓ,2002.


Самые низкие цены на курсы профессиональной переподготовки и повышения квалификации!

Предлагаем учителям воспользоваться 50% скидкой при обучении по программам профессиональной переподготовки.

После окончания обучения выдаётся диплом о профессиональной переподготовке установленного образца (признаётся при прохождении аттестации по всей России).

Обучение проходит заочно прямо на сайте проекта "Инфоурок".

Начало обучения ближайших групп: 18 января и 25 января. Оплата возможна в беспроцентную рассрочку (20% в начале обучения и 80% в конце обучения)!

Подайте заявку на интересующий Вас курс сейчас: https://infourok.ru/kursy



Автор
Дата добавления 11.10.2016
Раздел Другое
Подраздел Статьи
Просмотров23
Номер материала ДБ-251764
Получить свидетельство о публикации

УЖЕ ЧЕРЕЗ 10 МИНУТ ВЫ МОЖЕТЕ ПОЛУЧИТЬ ДИПЛОМ

от проекта "Инфоурок" с указанием данных образовательной лицензии, что важно при прохождении аттестации.

Если Вы учитель или воспитатель, то можете прямо сейчас получить документ, подтверждающий Ваши профессиональные компетенции. Выдаваемые дипломы и сертификаты помогут Вам наполнить собственное портфолио и успешно пройти аттестацию.

Список всех тестов можно посмотреть тут - https://infourok.ru/tests

Похожие материалы

Включите уведомления прямо сейчас и мы сразу сообщим Вам о важных новостях. Не волнуйтесь, мы будем отправлять только самое главное.
Специальное предложение
Вверх