Рабочие листы
к вашим урокам
Скачать
1 слайд
Боре марди хасисе ба устои кулоҳдӯз як дона пӯсти гӯсфанд
оварда хоҳиш кард: - Аз ин пӯст бароям кулоҳе бидӯз.
-Хеле хуб, - гуфт кулоҳдӯз, - медӯзам.
Он мард аз дукони кулоҳдӯз баромаду фикр кард: «Охир, ин пӯст
калон аст. Шояд дуто кулоҳ дӯхтан мумкин бошад?. Боз ба назди
кулохдӯз омаду гуфт:
- Усто, ту метавонӣ аз ин пӯст бароям дуто кулоҳ бидӯзӣ?
- Чаро надӯзам, албатта, медузам! - гуфт кулоҳдӯз.
-Ин тавр бошад, дуто бидӯз. - гуфт он мард ва рафт.
Ба фикри шумо давоми афсона чи тавр мешавад?
2 слайд
Каме роҳ рафту фикр кард ва баргашту пурсид:
- Усто, аз ин пӯст сето кулоҳ дӯхта наметавонӣ?
- Чаро не? Сето ҳам медӯзам!
Марди хасис хурсанд шуду пурсид:
- Чорто дӯхта метавонӣ
- Чорто ҳам метавонам!
- Панҷто ҳам метавонӣ?
- Панҷто ҳам медузам.
- Шашто хам?
- Медузам!
-Ҳафтто ё беҳтараш ҳаштто ҳам метавонӣ?
- Чаро натавонам? Ҳаштто хам метавонам.
- Пас, бароям ҳаштто кулоҳ бидӯз!
-Хеле хуб, ҳаштто медузам. Баъди як ҳафта биё
Марди хасис баъди як ҳафта ба назди кулохдӯз омада пурсид
- Кулоҳҳои маро дӯхтӣ?
-Дӯхтам! - гуфт усто ва ба шогирдаш фармуд:
-Кулоххоро биёр!
? Фикрҳои шумо тасдиқи худро фтанд?
Давоми авсона чи мешавад?
3 слайд
Шогирд рафту хаштто кулоҳ овард. Вале онҳо чунон буданд, ки ба сари одам не, фақат ба себ пӯшондан мумкин буд.
Мард ҳайрон шуду пурсид:
-Чаро кулохҳо ин қадар хурданд?
-Худат фикр кун! - гуфт устои кулоҳдӯз.
Марди хасис хаштто кулохи хурдакакро гирифта рафт ва хамеша фикр мекард: «Чаро кулоххо ин қадар хурд шуданд?
Чаро?»
Аз авсонаи зерин шумо чи хулоса баровардед?
Рабочие листы
к вашим урокам
Скачать
6 665 104 материала в базе
Настоящий материал опубликован пользователем Домуллоҷонов Юсуфҷон Ҳомидович. Инфоурок является информационным посредником и предоставляет пользователям возможность размещать на сайте методические материалы. Всю ответственность за опубликованные материалы, содержащиеся в них сведения, а также за соблюдение авторских прав несут пользователи, загрузившие материал на сайт
Если Вы считаете, что материал нарушает авторские права либо по каким-то другим причинам должен быть удален с сайта, Вы можете оставить жалобу на материал.
Удалить материалВаша скидка на курсы
40%Мини-курс
4 ч.
Курс повышения квалификации
36 ч. — 144 ч.
Мини-курс
4 ч.
Мини-курс
6 ч.
Оставьте свой комментарий
Авторизуйтесь, чтобы задавать вопросы.