Инфоурок Биология Другие методич. материалыСенарияи гузарониданӣ озмунӣ интелектуалӣ байни синфҳои 10-11

Сенарияи гузарониданӣ озмунӣ интелектуалӣ байни синфҳои 10-11

Скачать материал

Сенарияи гузарониданӣ озмунӣ интелектуалӣ байни синфҳои 10-11

Ҳар як гурӯҳ ба худ номи мувофиқро мегузорад, ки аз 6 нафар иборат мебошанд ва ҳар як гурӯҳ сардори худро интихоб мекунанд.

Дар аввал ҳар як гурӯҳ сардораш гурӯҳи худро муаррифӣ намуда, сабаби чунин ном гузоштани гурӯҳашонро мефаҳмонанд.

Шарти аввал ба саволҳо ҷавоб гардонидан, рақами саволро аз қуттии саволҳо гурӯҳ интихоб мекунанд ба ҳар як ҷавоби дуруст  5  хол дода мешавад. Бодиққат бошед дар вақти саволҳоро пешниҳод намудан, як дақиқа барои фикр кардан доред,  як қисми саволҳо мантиқӣ мебошанд.

Шарти дуюм ин пур кардани скандвордӣ биологӣ, химиявӣ ва экологӣ мебошад, ки ба ҳар як ҷавоби дуруст 1 хол гузошта, мешавад. Ду гурӯҳ сканворди якдигарро пур мекнанд, ки бояд 15 саволро дар бар гирад.

Дар охир аъзои ҳакамон балҳои умумиро ҳисоб карда, ғолиби озмунро муайян мекунанд.

Шарти аввал:

Саволи 26

Кадом вақт қади одам баланд аст? Саҳар ё бегоҳ

 Ҷавоб: Саҳар. Қади одам дар давоми рӯз аз ҳисоби ҷафсшавии дискҳои хордагии сутунмӯҳра паст мешавад.

Саволи 25

Ба фикри шумо одам дар кадом синну сол сухан зиёд мегӯяд? (кӯдакӣ, миёнасолӣ ё пиронсолӣ)?

Ҷавоб: Кӯдакон қариб ҳамаи вақт сухан мегӯянд. Дар зиёд сухан гуфтан кӯдакони синнашон 5-10 сола чемпион мебошанд. Ҳатто агар шахсе набошад, ки бо онҳо сухан гӯяд онҳо зиқ нашуда, худ ба худ сухан мегӯянд, дар як рӯз онҳо қариб 14 ҳазор калима мегӯянд.

Саволи 24

Одамоне, ки як қисми бадани худ ё хуни худро ба шахси бемор медиҳанд чӣ ном доранд?

Ҷавоб: донор

Саволи 23

Тибқи ақидаи олимон миллат эскимосҳо, ки дар минтақаи Гренландия ва Аляска зиндагӣ мекунанд, дар ҳаёташон ягон маротиба бемории зуком намешаванд. Гуед ,ки борои чӣ онҳо бемории зуком намешаванд?

 Ҷавоб: вируси зуком аз сабаби ниҳоят хунук будани ин минтақа дар онҷо нест.

Саволи 22

Аз замони пеш то ин ҷониб қувваи муҳаррики автомобилҳоро ба ин ҳайвон баробар мекарданд?  Ин кадом ҳайвон аст?

Ҷавоб: Ин ҳайвон асп аст.

Саволи 21

Фил ҳайвони калони хушкигард мебошад, ки ба синфи ширхӯрон ва қатори  хартумдорон дохил мешавад. Фикр карда, гӯед, ки кадом намуди фил хартум надорад?

Ҷавоб:  Фили дар бозии шоҳмот

Саволи 20

Ин ҳайвон аз ҷиҳати системаи иммунӣ ба одам наздик мебошад. Ба ақидаи олимон дар ҳолати ҷанги атомӣ онҳо ва тараканҳо зинда мемонанд. Инчунин ин ҳайвон паҳнкунандаи марги сиёҳ буда, дар лабараторияҳои биологӣ обекти омӯзиш аст нисбат ба дигар ҳайвонот зиёдтар. Ин кадом ҳайвон аст?

Ҷавоб: Ин ҳайвон муш мебошад.

Саволи 19

 Дар яке аз рӯзҳо химики машҳур бо дӯсти худ барои чиндани қулфинай баромаданд. Вақти хона рафтан шуд, сабади дусташ пур аз қулфинай буд, лекин аз химик холӣ. Вақте, ки дусташ пурсон мешавад, ки барои чӣ сабадаш холист, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ҳоло қулфинайҳо сабз аст. Чиндани онҳо мумкин нест. Аммо вақти шунидани оне, ки ҳамаи қулфинайҳо сурханд, олим ҳайрон шуда, фикр кард? “Чизе нодуруст аст” Чӣ нодуруст буд? Сухан дар бораи кадом химики машҳур меравад?

Ҷавоб:  Джон Далтон бемории далтонизм.

Саволи 18

Ин элементи химиявиро бисёри вақт дар Офтоб мекофтанд, лекин бенатиҷа буд, ҳатто номи ин элементро пешакӣ гузошта буданд. Аммо ин элементро аз атмосфераи ҳаво ёфтанд, ин кадом элемент буд?

Ҷавоб:  Ин элемент гелий буд  (He)

Своли  17

 Тортанаки аз ҳама заҳрноки ҷаҳон ин ғунда мебошад. Модинааш нисбат ба наринааш калонтар буда, заҳраш 160 маротиба аз нарина зиёд аст. Барои чӣ дар табиат ғундаи нарина кам вале модина зиёд аст?

Ҷавоб: Чунки баъди бордар кардан ғундаи модина наринаро кушта мехӯрад, ки ин ҳодисаро каннибализм меноманд.

Саволи 16

Номи як давлат дар Амрикои Ҷанубӣ бо забони тоҷикӣ маънояш “думи паранда” мешавад, ин кадом давлат аст?

Ҷавоб: Уругвай, ки дар Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир аст.

Саволи 15

Дар Мисри қадим бо ин растанӣ ҳамаи бемориҳоро табобат мекарданд: аз табларза ва бемории дандон то бемории вабо ва девонагӣ. Дар вақти сохтани оҳромҳои Миср ғуломони зиёде, ки дар шароити ниҳоят вазнин кор мекарданд, ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намешуданд. Чунки ҳамарӯза бо ҳамроҳии хӯрок ба онҳо ин сабзавотро медоданд. Гӯед, ки сухан дар бораи кадом сабзавот меравад?

Ҷавоб: Сирпиёр

Саволи 14

Хоб эҳтиёҷи физиологии одам мебошад, он яке аз намудҳои боздорӣ мебошад. Номудҳои хобро номбар карда, онҳоро шарҳ диҳед.

Ҷавоб:  хоби табиӣ ё физиологӣ, хоби гипнотикӣ, хоби наркотикӣ, хоби патологӣ.

Саволи 13

Ин олим дар назди Калисо обрую эътибори зиёд дошт, гарчанде ақидаҳои сода ва нодуруст пешниҳод мекард, онҳоро қабул мекарданд. Сухан дар бораи кадом олим меравад? Ва чӣ хел маълумоти сода пешниҳод намуда буд.

Ҷавоб: олими Юнони қалим Арасту ё Аристотел

Саволи 12

Ин элемент ба ултромикроэлементҳо дохил мешавад, гарчанде ин элемент дар таркиби ҳуҷайра ба миқдори кам аст. Аз норасоии ин элемент одам ба бемории саратон гирифтор мешавад. Ин кадом элемент аст?

Ҷавоб: Ин элемент  Селен мебошад.

Саволи 11

Соли 1889 мувофиқи лоиҳаи муҳандис дар яке аз шаҳрҳои Фаронса иншооти сесадметраи манораи турӣ сохта шуд, ки он рамзи махсуси ин давлат гашт. Баъдан маълум гашт, ки ин манора ба ҷойгиршавии устухонҳои парандагону ширхӯрон монандӣ дорад. Ин кадом манора буд ва дар куҷо сохта шуда буд?

Ҷавоб:  Манораи муҳандис Ж. Эйфел дар шаҳри Парижи Фаронса

Саволи 10

Ватани ин растанӣ Амрикои Ҷанубӣ мебошад. Дар асри 16 ин растаниро бо фармони Пётри 1 ба Россия оварданд. Дар аввал ин растаниро заҳрнок меҳисобиданд ва ҳамчун растании ороишӣ парвариш мекарданд.  Ин кадом растанӣ буд?

Ҷавоб: картошка

Саволи 9

Дар асри 9 ва 10 дар Бухоро бемории вабо паҳн шуда, қисми зиёди аҳолии ин минтақаро нобуд кард. Дар ин вақт як олим роҳи паҳншавии ин беморӣ ва пешгирии ин бемориро муайян намуд ва сабаб шуд, ки ин беморӣ коҳиш ёбад. Бигӯед, ки ин кадом олим буд ва барои пешгирии ин беморӣ чӣ пешниҳод намуд?

Ҷавоб: Абӯалӣ ибни Сино буд ва барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ пешниҳод намуд, ки мушҳоро нест кунанд.

Саволи 8

Растаниҳои гулдор асосан ба об хеле эҳтиҷ доранд, лекин як намуди гул аз об метарсад. Ин кадом намуди гул аст ва барои чӣ?

Ҷавоб: Гулҳои қоғазӣ мебошанд, чунки тар мешаванд.

Саволи 7

Ин илм байни биология ва техника буда, масъалаҳои муҳандисиро ба асоси монандсозии сохтор ва фаъолияти ҳаётии организмҳо ҳал месозад. Ин кадом илм аст?

Ҷавоб: Ин илм бионика мебошад.

Саволи 6

Ин олим 7 маркази пайдоиши рустаниҳои зироатиро нишонд  дод. Баъди марги вай шогирдонаш ин марказҳоро ба 12 то расониданд. Сухан дар бораи кадом олим меравад?

Ҷавоб: Дар бораи олими рус Николай Вавилов, ки 7 маркази пайдоиши растаниҳои зироатиро нишон дода буд.

Саволи 5

Яке аз асарҳои ӯ соли 1859 чоп шудааст, ин олим қариб 5 соли ҳаёташро дар сафар ва 15 соли дигари  ҳаёташро барои навистани ин мушоҳидаҳояш сарф намудааст. Дар инкишофи биологияи эволютсионӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фикр карда гӯед, ки ин кадом олим мебошад?

Ҷавоб: Олими англис Чарлз Дарвин мебошад.

Саволи 4

Дар ғарб ӯ бо номи лотинишудаи “Гебер” маъруф аст. Ӯ дар рафти таҷрибаҳои худ аввалин шуда, кислотаҳои сулфат ва нитратро ҳосил карда, оид ба хосиятҳои нитрати нуқра ва хлориди симоб маълумот додааст. Ҳатто олимони ғарб дар асрҳои 12-17 ӯро устоди худ меҳисобиданд. Ин кадом олими шарқ мебошад.

Ҷавоб: Ҷобир ибни Хайён мебошад.

Саволи 3

Ҳамаи элементҳои химиявӣ ҳангоми бо оксиген пайваст шудан, оксидҳоро ҳосил мекунанд, лекин ин элемент вақте, ки бо оксиген пайваст шуд оксид ҳосил намекунад. Ин кадом элемент аст, ва ин ҳодисаро шарҳ диҳед.

Ҷавоб: Фтор ягона элементе мебошад, ки ҳангоми бо оксиген пайваст шудан оксид не балки фториди оксиген ҳосил мекунад, чунки электроманфигии фтор аз оксиген баландтар мебошад.

Саволи 2

Ин элемент гази беранг, бебӯй ва бемазза мебошад. Вай аз ҳаво 14,5 маротиба сабук аст, бинобар ин агар ҳубобчаҳои собунро бо он пур кунем, пас онҳо ба боло мебароянд. Фикр карда гӯед, ки сухан дар бораи кадом элемент меравад?

Ҷавоб: Ин элемент гази гидроген мебошад.

Саволи 1

Барои дӯхтар ва сахт шудани ин моддаи органикӣ сулфурро истифода мебаранд, Дар замонҳои пеш ин моддаро аз таркиби растаниҳо мегирифтанд, баъди талаботи инсон зиёд шудан ба ин модда бо роҳи сунъӣ онро ҳосил намуданд. Барои ҳосил кардани ин модда ҳатто озмун эълон шуда буд? Ин кадом модда буд ва онро шарҳ диҳед.

Ҷавоб: Ин моддаи органикӣ каучу мебошад, ки соли 1926 Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳосил кардани ин модда озмун эълон карда шуда буд ва онро Лебедев Сергей Василевич ҳосил намуд.

Саволи 27

Соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касалиҳои сироятӣ ба монанди лейшманиоз, вараҷа, ниҳоят зиёд шуда буд. Лекин ин бемориҳо дар тули 1-2 соли баъди кам шудан гирифт. Чӣ сабаб шуд, ки роҳи паҳгшавии ин бемориҳо паст шуд?

Ҷавоб:  Соли 1932 Стансияи паразитологӣ ташкил карда мешавад, ки роҳбараш олими рус Павловский буд ва пеши роҳи паҳншавии бемориҳои лейшманиоз, вараҷаро гирифт.

Саволи 28

Ин ҳайвонотро ҳайвоноти дуюминдаҳондорон меноманд ва дар Тоҷикистон ягон намояндаи ин ҳайвонот дида намешавад. Номи ин тип аз рӯи хусусиятҳои  баданашон гирифта шудааст. Ин кадом ҳайвонот ё типи ҳайвонот мебошанд?

Ҷавоб: Хорпӯстонро дуюминдаҳондорон меноманд, чунки дар давраи инкишофи ҷаниниашон аввал узви ихроҷ баъд даҳон пайдо мешавад. Аз сабаби дар тамоми баданашон баромадҳои хормонанд будан чунин номро гирифтаанд.

Просмотрено: 0%
Просмотрено: 0%
Скачать материал
Скачать материал "Сенарияи гузарониданӣ озмунӣ интелектуалӣ байни синфҳои 10-11"

Методические разработки к Вашему уроку:

Получите новую специальность за 3 месяца

Дефектоскопист

Получите профессию

Технолог-калькулятор общественного питания

за 6 месяцев

Пройти курс

Рабочие листы
к вашим урокам

Скачать

Скачать материал

Найдите материал к любому уроку, указав свой предмет (категорию), класс, учебник и тему:

6 666 221 материал в базе

Скачать материал

Другие материалы

Презентация по биологии на тему "Экологические проблемы в биосфере"
  • Учебник: «Биология», Пономарёва И.Н., Корнилова О.А., Чернова Н.М. / Под ред. Пономарёвой И.Н.
  • Тема: § 60. Экологические проблемы в биосфере. Охрана природы
Рейтинг: 5 из 5
  • 07.11.2021
  • 1528
  • 141
«Биология», Пономарёва И.Н., Корнилова О.А., Чернова Н.М. / Под ред. Пономарёвой И.Н.
Технологическая карта урока по биологии на тему "Экологические проблемы в биосфере"
  • Учебник: «Биология», Пономарёва И.Н., Корнилова О.А., Чернова Н.М. / Под ред. Пономарёвой И.Н.
  • Тема: § 60. Экологические проблемы в биосфере. Охрана природы
  • 07.11.2021
  • 582
  • 58
«Биология», Пономарёва И.Н., Корнилова О.А., Чернова Н.М. / Под ред. Пономарёвой И.Н.
Дополнительный материал для проведения лабораторной работы в условиях дистанционного обучения Л.р. для 6 класса "Передвижение воды и минеральных веществ"
  • Учебник: «Биология», Пасечник В.В., Суматохин С.В., Калинова Г.С. и др. / Под ред. Пасечника В.В.
  • Тема: § 30. Передвижение веществ у растений
  • 07.11.2021
  • 761
  • 6
«Биология», Пасечник В.В., Суматохин С.В., Калинова Г.С. и др. / Под ред. Пасечника В.В.

Вам будут интересны эти курсы:

Оставьте свой комментарий

Авторизуйтесь, чтобы задавать вопросы.

  • Скачать материал
    • 07.11.2021 582
    • DOCX 19 кбайт
    • Оцените материал:
  • Настоящий материал опубликован пользователем Алиев Ҳусейн Баҳромович. Инфоурок является информационным посредником и предоставляет пользователям возможность размещать на сайте методические материалы. Всю ответственность за опубликованные материалы, содержащиеся в них сведения, а также за соблюдение авторских прав несут пользователи, загрузившие материал на сайт

    Если Вы считаете, что материал нарушает авторские права либо по каким-то другим причинам должен быть удален с сайта, Вы можете оставить жалобу на материал.

    Удалить материал
  • Автор материала

    Алиев Ҳусейн Баҳромович
    Алиев Ҳусейн Баҳромович
    • На сайте: 5 лет и 5 месяцев
    • Подписчики: 0
    • Всего просмотров: 80272
    • Всего материалов: 28

Ваша скидка на курсы

40%
Скидка для нового слушателя. Войдите на сайт, чтобы применить скидку к любому курсу
Курсы со скидкой

Курс профессиональной переподготовки

Бухгалтер

Бухгалтер

500/1000 ч.

Подать заявку О курсе
  • Сейчас обучается 27 человек из 20 регионов

Курс повышения квалификации

Составление и использование педагогических тестов при обучении биологии

36 ч. — 144 ч.

от 1700 руб. от 850 руб.
Подать заявку О курсе
  • Сейчас обучается 20 человек из 14 регионов
  • Этот курс уже прошли 95 человек

Курс повышения квалификации

Организация элективного курса в рамках реализации проекта "Точка роста": методология биологического эксперимента

36 ч. — 180 ч.

от 1700 руб. от 850 руб.
Подать заявку О курсе

Курс повышения квалификации

Особенности подготовки к сдаче ЕГЭ по биологии в условиях реализации ФГОС СОО

36 ч. — 180 ч.

от 1700 руб. от 850 руб.
Подать заявку О курсе
  • Сейчас обучается 91 человек из 42 регионов
  • Этот курс уже прошли 557 человек

Мини-курс

Развитие коммуникации и речи у детей раннего возраста

4 ч.

780 руб. 390 руб.
Подать заявку О курсе
  • Сейчас обучается 30 человек из 16 регионов
  • Этот курс уже прошли 19 человек

Мини-курс

Психологическая экспертиза в юридической сфере: теоретические аспекты

2 ч.

780 руб. 390 руб.
Подать заявку О курсе
  • Этот курс уже прошли 10 человек

Мини-курс

Техники визуализации в учебном процессе

3 ч.

780 руб. 390 руб.
Подать заявку О курсе
  • Сейчас обучается 35 человек из 18 регионов
  • Этот курс уже прошли 19 человек