Мавзўи дарс: Асри санг.
Мақсадҳои таълимӣ:
Оид ба давраҳои асри санг ва бошишгоҳҳои одамони қадимтариндар
Тоҷикистон, маълумот пайдо кунанд.
Доир ба мафҳуми таърих, мақсад, вазифа ва моҳияти ин фан маълумоти
кофи пайдо намоянд.
Бо маданияти ориёии Шарқи ва Ғарби ошно шаванд.
Донишу малакаи худро оид ба ҳисоби сол дар таърих намоиш дода
метавонад;
махсусиятҳои ҳар як давраи асри сангро шарҳ дода метавонад;
фаъолияти шикорчигию неъматғундории одамони ибтидоиро медонад;
гузаштани инсон ба истеҳсолу истеъмол исбот карда метавонад;
олотҳои меҳнатии сангин аз филизӣ фарк мекунад.
Доир ба нақши дин ва санъат дар ҳаёти инсон инчунин қабила ва
авлодро аз якдигар фарқ кунанд.
Адабиёт: Китоби дарсӣ аз фанни
таърихи халқи тоҷик барои синфи 5 ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров.
Равиши дарс:
Тартиб, миқдор ва намунаҳои фаъолиятҳои таълимии зерин тавсиявӣ
мебошанд. Шумо метавонед мувофиқи қобилияти хонандагон фаъолиятҳоро интихоб
кунед ва ё фаъолиятҳои нави таълим илова намоед.
Фаъолгардонии
хонандагон:
Кори
гуруҳӣ:
(карточкаҳо)
1)Бародари
ман фанни таърихро медонад.
2)Ман
ҳикояи таърихии як шикорчиро хондам.
3)Дӯстам
таърихи пайдоиши бисёр латифаҳои ачоибро медонад.
Гурӯҳҳо
бояд муаян кунанд,ки дар кадоми ин ҷумлаҳо мафҳуми таърих ҳамчун илм истифода
шудааст ва дар рафти омӯзиши кадом фанҳо ба мафҳуми Ватан дучор шудаанд.
Нақшаро
муаллим дар тахтаи синф мекашад.
Омӯзгор баъди ҷамъ
кардани фикру ақидаҳои хонандагон моҳияти фанро фаҳмонида ҷамъбаст мекунад.
Дар бораи мавзӯъ
мухтасар маълумот медиҳад.
Қадамҳои
асосии машғулият.
Дар тахтаи синф
нақшаи “Ресмони вақт” ро меовезем.
Ба хонандагон фаҳмонида мешавад, ки аз ҳарфи А то В давраи
“Ҷамоаи одамони маймуншакл” ном дорад.
Хонандагон бояд воқеаҳои муҳимро дар ҳаёти одамони маймуншакл
дар давраи яхбандӣ пур кунанд.
Аз ҳарфи Б то Д давраи “Гармшавии ҳаво ” ном дорад.
Хонандагон тағйироти индавраро пур мекунанд.
Аз ҳарфи В то С давраи “Одами боақл” ном дорад.
Таӯйироти ин давра, ки одам аз вобастагии табиат чуддо мешавад
пур мекунанд.
Ҳар як гуруҳ яке аз ин нуқтаҳоро пур мекунад.
Д
А
В
С
Пас аз пур кардан сардори гуруҳ ё яке аз он хонандагон маълумот
дар бораи фаҳмиш ва хулосаҳои гуруҳро медиҳад.
Ин методи кор ба хонандагон имконият медиҳад, ки воқеаҳо,
далелҳоро дуруст ҷо ба ҷо намоянд.
Мустаҳкамкунӣ.
Мини
кросвордро пурра созед.
1.номи аср дар
таърих
2. Номи метал.
3.Ҳам маҳсулоти
кишоварзӣ ва ҳам химиявӣ.
Ҷавоб:
1) Санг
2) 2) Мис
3) 3) Биринҷ.
Арзёби
ва ҷамъбасти машғулият
Ҷадвали давраҳои
таърихиро бо кумаки омӯзгор пурра кунанд.
Давраҳо
|
Олоти меҳнат
|
Машғулият
|
Либос манзил
|
Палеолит
|
|
|
|
Мезолит
|
|
|
|
Неолит
|
|
|
|
Мис
|
|
|
|
Оҳан
|
|
|
|
Супориши хонагӣ.
Аз хонандагон хоҳиш мекунем, ки матни китобро хонда, мафҳумҳои
барояшон нофаҳморо нависанд. Дарси оянда онҳоро бо ҳамсинфон ва омӯзгор
муҳокима менамоянд.
Оставьте свой комментарий
Авторизуйтесь, чтобы задавать вопросы.